Парвоз бар Китоби Муқаддас достони БУЗУРГИ Китоби Муқаддасро ошкор месозад. Гарчанде дар ин парвоз ҳар як ҷузъиёт дида намешавад, ҳар як қиссаи Китоби Муқаддас ба яке аз ин марҳилаҳо дохил мешавад, то шумо манзараи умумиро бубинед. Вақте ки парранда бар замин парвоз мекунад, вай ҳар як мӯрчаи хурдро намебинад, аммо манзара ва самти онро мебинад. Хати нуқтадор ҷоеро нишон медиҳад, ки Аҳди Қадим ба охир мерасад ва Аҳди Ҷадид оғоз меёбад. Каломи Худо ҳамеша даъвате буд, то шумо бо Ӯ муносибати вайронношуданӣ дошта бошед. Аз паи ин ришта равед.